Сенатори амрикоӣ: Тору мор шудем
(last modified Sun, 16 Aug 2020 02:29:46 GMT )
Август 16, 2020 07:29 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоӣ: Тору мор шудем

Сенатори иёлати Коннектикути Амрико дар паёми тветтирӣ радди қатъномаи зиддиэронии кишвараш дар Шӯрои амнияти Созмони милал муттаҳидро чизе фаротар аз шикаст донист.

Ба гузориши Садои Хуросон, Крис Мурфи рӯзи шанбе дар ҳисоби тветтири худ бо ишора ба радди қатъномаи зиддиэронии Амрико дар Шӯрои амният навишт: "Ин шикаст набуд, балки тору мор шудан буд"  

Мурфи дар идома навишт: Аз 15 узви Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид танҳо ҷумҳурии Доминикан ба нафъи мо раъй дод. Ин нишон медиҳад Амрико то чӣ андоза заиф шудааст ва роҳбурди Трамп дар баробари Эрон ба чашми бақияи ҷаҳон чи қадар фоҷеабор аст  

 Асри ҷумъа ба вақти Нию-Йорк, бо шумориши орои аъзои Шӯрои амният дар бораи қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон мушаххас шуд, ки ин қатънома танҳо ду раъй мусбат касб карда ва Амрико дар иқдоми зиддиэронии худ шикасти шадиде хӯрдааст.

 Амрико ва ҷумҳурии Доминикан ба ин қатънома раъйи мусбат доданд, Чин ва Русия бо он мухолифат карданд ва 11 узви дигар низ раъй бетарафона доданд.