Август 16, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Мақоми Туркия: Аморот ба масъалаи Фаластин хиёнат кард

Раиси порлумони Туркия ҳамкории Аморот бо режими саҳюнистиро хиёнат ба масъалаи Фаластин хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси порлумони Туркия гуфт, ки Аморот аз тариқи оддисозии равобити худ бо Исроил ба масъалаи Фаластин хиёнат кард.

Мустафо Шантуб бидуни ишора ба ҳамкориҳои наздики Туркия бо режими саҳюнистӣ дар Твиттер гуфт: Амороте, ки Туркияро ба дахолат дар умури кишварҳои арабӣ муттаҳам мекунад ба шакле шаффоф ба масъалаи Фаластин, ки яке аз муҳимтарин масоили ҷаҳони ислом аст, хиёнат кард.

Дар пайи талошҳои бевақфаи Доналд Трам барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, рӯзи панҷшанбе ду тараф тайи тавофуқномае бар сари оддисозии комили равобити дипломаӣ ба тавофуқ расиданд. Ин тавофуқ бо интиқодоти густарда дар ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шудааст.