Дархости Париж аз Кобул: Қотилони фаронсавиро озод накунед
(last modified 2020-08-16T07:21:54+00:00 )
Август 16, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости Париж аз Кобул: Қотилони фаронсавиро озод накунед

Вазорати умури хориҷаи Фаронса аз Афғонистон хост зиндониёни Толибонро, ки дар куштори шаҳрвандони Фаронса даст доштаанд озод накунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ройтерз, Вазорат умури хориҷаи Фаронса рӯзи шанбе дар баёниае эълом кард қотеъона бо озодии афроде, ки алайҳи атбои франсавӣ ба вижа сарбозон ва коргарони гурӯҳҳои башардӯстона даст ба ҷиноят задаанд мухолиф аст. 
 
 Шӯрои Амнияти миллии Афғонистон рӯзи ҷумъа 14 август эълом кард давлат 80 нафар аз зиндониёни хатарнок ва мавриди ихтилоф бо гурӯҳи Толибонро пас аз тасмими Лоя Ҷирга машварати сулҳ рӯзи панҷшанбе озод кард. 
 
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 320 тан аз ин зиндониён дар зиндон боқӣ мондаанд, ки ба зудӣ онҳо низ озод хоҳанд шуд. 
 
 Қарор аст бо такмили раванди озодии ин 400 зиндонии Толибон, гуфтугӯҳои байни афғонӣ дар Дуҳа оғоз шавад. 
 
 Раис Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки дастури озодии  400 зиндонии боқимондаи Толибонро содир кардааст, ба тозагӣ изҳор дошт озодии  ин зиндониён эҳтимолан Афғонистон, минтақа ва ҷаҳонро бо хатар рӯ ба рӯ мекунад, аммо озод кардани онҳо зарурӣ аст.

Барчасп