Август 18, 2020 22:23 Asia/Dushanbe
  • Сӯизани Трамп ба Путин, Эрдуғон, Ши Ҷинпин ва Ким Ҷонг Ун

Раиси ҷумҳури Амрико дар изҳороти ҷадиди худ муддаӣ шуд мақомоти баландпояи Русия, Чин, Туркия ва Кореяи Шимолӣ хостори пирӯзии Бойден дар интихоботи ноябр ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Доналд Трамп дар тозатарин изҳороти худ муддаӣ шуд Владимир Путин, Ши Ҷинпин, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ким Ҷонг Ун, раисони ҷумҳури Русия, Чин ва Туркия ва раҳбари Кореяи Шимолӣ хостори пирӯзии Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократи Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри 2020 ҳастанд.

Трамп ҳамчунин гуфт: Эрон низ ба пирӯзии Бойден дар интихобот тамоюл дорад.

Раиси ҷумҳури Амрико иддаои пешини худро дар бораи ин ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, ба суръат барои расидани тавофуқ бо Теҳрон талош мекунад, такрор кард.

Ин иддаоҳои ҷадиди Трамп дар ҳоле матраҳ шуда, ки тозатарин назарсанҷиҳо дар Амрико ҳамчунон аз пештозии Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 ҳикоят дорад.

Амалкарди заифи Трамп дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, контроли бемории корона ва муҳоҷирон боис шуда то аз маҳбубияти ӯ коста шавад.

 

Барчасп