Умронхон: Покистон ҳаргиз Исроилро ба расмият намешиносад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56655-Умронхон_Покистон_ҳаргиз_Исроилро_ба_расмият_намешиносад
Нахуствазири Покистон дар вокуниш ба иқдоми Аморот барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ гуфт: мавзеи Покистон дар ин хусус равшан аст ва мо ҳаргиз режими Исроилро ба расмият нахоҳем шинохт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 19, 2020 10:24 Asia/Dushanbe
  • Умронхон: Покистон ҳаргиз Исроилро ба расмият намешиносад

Нахуствазири Покистон дар вокуниш ба иқдоми Аморот барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ гуфт: мавзеи Покистон дар ин хусус равшан аст ва мо ҳаргиз режими Исроилро ба расмият нахоҳем шинохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, "Умронхон" дар мусоҳиба бо шабакаи "Дунё нюз" дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар Ғарби Осиё ва масъалаи Фаластин гуфт: мавзеи Покистон мутобиқ бо ҳукми "Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ" бунёнгузори ин кишвар мабни бар ҳимоят аз миллати Фаластин дар баробари режими саҳюнистӣ аст. 
 
 Раиси Ҷумҳурии Амрико "Донлд Трамп" рӯзи панҷшанбе аз тавофуқ миёни Аморот ва режими саҳюнистӣ барои оддисозии комили равобит хабар дод. 
 
 Ин тавофуқ бо вокуниши шадиди аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Покистон ҳамроҳ шуд. 
 
 Ҳамчунин мусулмонони Покистон якшанбеи гузашта дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо баргузории гирдиҳамоӣ ва тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ, тасмими Аморот барои оддисозии равобит бо режими ишғолгари Қудсро маҳкум карданд.