Демократ ва ҷумҳурихоҳ алайҳи Доналд Трамп
Ҳудуди 80 рӯз монда ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, амалкарди Доналд Трамп бо интиқоди шадиди сиёсатмадорони ин кишвар аз ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ рӯбарӯ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Бел Клинтон чиҳилу дувумин раиси ҷумҳури Амрико дар изҳороте зимни мухолифати шадид бо амалкарди Трамп афзуд: Дар ин замон, дафтари кори Трамп, ки бояд як маркази фармондеҳӣ бошад ба як маркази буҳрон табдил шудааст ва дар онҷо фақат ҳарҷу марҷ вуҷуд дорад.
Бел Клинтон ҳамчунин аз Трамп ба далели соатҳои тамошои телевизион интиқод кард ва гуфт: Раҳбари Амрико барои шикасти вируси корона бояд кор кунад ва бо ҳақиқатҳо рӯбарӯ шавад.
Колин Павл- вазири умури хориҷаи давлати Ҷорҷ Дабелю Буш низ ба таври расмӣ аз номзадии Ҷо Бойден демократ дар рақобатҳои интихоботии раёсатҷумҳурии Амрико ҳимоят кард.
Павл болотарин сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ аст, ки аз хутути ҳизбӣ убур мекунад ва рақиби ҳизби мухолифро ба расмият мешиносад.
Шомгоҳи гузашта фармондори ҷумҳурихоҳи пешини иёлати Оҳаё ҳам аз Бойден ҳимоят кард ва ба назар мерасад феҳристи ҳомиёни ҷумҳурихоҳи Бойден дар ҳоли афзоиш аст.
Сузон Ройс- мушовири амнияти миллии пешини Кохи Сафед низ дар мусоҳиба бо шабакаи CBS, Доналд Трампро фарде дурӯғгӯ хонд ва гуфт: Ҳамаи ҷаҳон инро медонанд.
Мишел Обама- бонуи аввали пешини Амрико ҳам дар аввалин шаби маҷмаъи Ҳизби демократ бо интиқоди шадид аз Доналд Трамп гуфт: Трамп, раиси ҷумҳури иштибоҳ барои Амрико аст ва агар тасаввур мекунед, ки авзоъ аз ин бадтар нахоҳад шуд, иштибоҳ мекунед. Агар тағйире дар ин масир эҷод накунем авзоъ бадтар хоҳад шуд.
Маҷмаъи миллии демократҳо шомгоҳи душанбе 17 август оғоз шуд ва то панҷшанбе 20 август идома дорад.