Август 20, 2020 08:02 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Аврупо натиҷаи интихоботи Беларусро напазируфт

Раиси Шӯрои Аврупо чаҳоршанбешаб эълом кард:Иттиҳодияи Аврупо натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларусро ба расмият намешиносад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Шарл Мишел пас аз поёни нишасти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфт: Ин иттиҳодия натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларусро ба расмият намешиносад ва Брюссел ба зудӣ таҳримҳоеро дар иртибот бо афроди дастандаркор ин интихобот иҷро хоҳад кард.

 Аз сӯи дигар Урсула фон дер Ляйен-раиси Комиссияи Аврупо эълом кард:Иттиҳодияи Аврупо омодааст бо ончи вай "интиқоли демократӣ ва сулҳомези қудрат дар Беларус" хонд, ҳамроҳӣ кунад.

 Александр Лукашенко-раиси ҷумҳурии Беларус, кишварҳои аврупоиро ба ҳимоят аз эътирозоти пас аз интихобот дар ин кишвар муттаҳам кардааст.

 Сергей Лавров-вазири хориҷа Русия ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба иқдомот ва тасмимҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Беларус гуфт: Аъзои ин иттиҳодия алоқае ба риояти ҳуқуқи башар ё демокросӣ дар Беларус надоранд, балки тамоюл доранд Минскро ба ҳавзаи ихтиёроти худ бикашонанд.

  Беларус дар рӯзҳои ахир ва пас аз эъломи натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки ба пирӯзии дубораи Александр Лукашенко бо беш аз 80 дарсади оро анҷомид, шоҳиди эътирозоти зиддидавлатӣ аст.

 

Барчасп