Август 20, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Иддаои ниҳодҳои иттилоотии Амрико дар бораи пинҳонкории мақомҳои Ухани Чин

Ниҳодҳои иттилоотии Амрико муддаӣ шуданд, ки мақомҳои вилояти Хубей ва шаҳри Ухан то чанд ҳафта густариши корона ва таъсироти онро аз раҳбарони Чин дар Пекин пинҳон карда буданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Нию-Йорк таймс чаҳоршанбешаб ба нақл аз манобеъи огоҳ навишт:Ниҳодҳои иттилоотии Амрико аз ҷумла СҶА(СРУ) дар гузорише эълом карданд, ки мақомҳои маҳаллии Хубей ва Ухан аз бими «муҷозот» талош карданд, то коронаро аз мақомҳои давлати марказии Чин пинҳон кунанд.

 Ин гузориши ниҳодҳои иттилоотии Амрико, ки дар моҳи июн мунташир шуд, ҳамчунин муддаӣ аст, ки мақомҳои ҳизби коммунисти Чин иттилооти марбут ба коронаро аз дунё пинҳон карда ,дар ихтиёри Созмони ҷаҳонии тандрустӣ  қарор надоданд ва талош карданд, то аз масъулони маҳаллии Хубей иттилооти бештаре ба даст оваранд.

 Давлати Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико пештар гуфта буд, ки Чин шиюӯъи коронаро пинҳон карда буд, аммо ҷузъиёте дар бораи он мунташир накард.

 Бемории бархоста аз коронавирус мавсум ба «КОВЕД 19» миёнаҳои моҳи декабри 2019 дар шаҳри Ухан-маркази вилояти Хубей дар маркази Чин гузориш шуд.

 Ибтидо аз ин беморӣ ба унвони касалии шуш ном бурда мешуд, аммо Комиссияи миллии беҳдошти Чин дар 30 декабри соли 2019 ба сурати расмӣ паҳншавии коронаро дар Чин эълом кард.