Август 20, 2020 16:06 Asia/Dushanbe
  • Пелосӣ: Трамп дар интихобот шикаст хоҳад хурд

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт: дар моҳи ноябр демократҳо бар ҷумҳурихоҳон пирӯз шуда ва Трампро барканор хоҳанд кард.

 Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ҳил, «Нэнси Пелоси», раиси маҷлиси намояндагони Амрико, дар суханронии шаби чаҳоршанбе  дар конвенсиюни миллии демократҳо, бо интиқод аз давлати Америка ва шахси Трамп, ӯ ва «Митч Макконнел», раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳӣ дар маҷлиси сенати Амрикоро «дуқлуи монеи пешрафт» номид. 
 
 Дар ҳамин ҳол, «Барак Обама», раисҷмҳури пешини Амрико, шаби гузашта дар суханронии худ дар миёни аъзои конвенсияи миллии демократҳо, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, Трампро гузинаи «бисёр номуносиб» барои ишғоли сандалии раёсати ҷумҳурӣ дар Кохи сафед эълом кард ва гуфт раъй додан ба «ҷҶо Бойден» (номзади ҳизби демократ) барои итминон аз бақои демокраси дар Амрико комилан зарурӣ аст. 
 
 Трамп дар камтар аз се моҳи монда ба интихобот, севуми ноябр, дастоварди қобили эътиное барои такя дар интихобот надорад ва дар корномаи ӯ чизе ҷуз нокомӣ, рукуди иқтисодӣ, бекорӣ, буҳрони маргбор ва хориҷ аз контроли корона, сиёсати хориҷии шикастхӯрда ва изҳороти нажодпарастона чизе ба чашм намехӯрд.

Барчасп