Август 20, 2020 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Амрико дар бораи таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Эрон

Чин ҳушдор дод Амрико ҳаққе барои бозгашти таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Эрон надорад.

 Ба гузориши Ирна, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Пекин бори дигар зимни мухолифат бо талош Амрико барои таҳрим алайҳи Эрон таъкид кард,  Вашингтон узви аз Барҷом нест ва аз ин қарордод байналмилалӣ хориҷ шудааст ва наметавонад хостори бозгашти таҳримҳои Созмон Милал алайҳи Эрон шавад. 
 
 «Ҷоу Ли Ҷиён» аз Америка хост ба таҳримҳои якҷонибаи худ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон поён диҳад ва бо иттихози нигариши мантиқӣ ва дуруст, ба масири саҳеҳ эҳтиром ба тавофуқ ҳастаии Эрон ва тасмимоти Шӯрои Амният бозгардад. 
 
 Шикасти хуфтбори ахири Амртко дар Шӯрои Амнияит Созмон Милал дар тамдиди таҳрими таслиҳотии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз 15 кишвар фақат Амрико ва Ҷумҳури Доминикан бо ҳудуди даҳ миллион ҷамъият ба он овози мусбат доданд ,хашм давлатмардони Амрико аз ҷумла Трамп ва Помпеоро барангехт ва Вашингтон аз ин тариқ саъй дорад ба ҳар ҳарбае мутавассил шавад, ки ноком хоҳад монд.

Барчасп