Кашфи бузургтарин майдони газии Баҳри Сиёҳ: Муждаи Эрдуғон ба мардуми Туркия
(last modified Sat, 22 Aug 2020 04:35:24 GMT )
Август 22, 2020 09:35 Asia/Dushanbe
  • Кашфи бузургтарин майдони газии Баҳри Сиёҳ: Муждаи Эрдуғон ба мардуми Туркия

Раисиҷумҳури Туркия, ки ваъда дода буд рӯзи ҷумъа ба мардуми кишвараш хабари хуше хоҳад дод, аз кашфи бузургтарин майдони газии Баҳри Сиёҳ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа гуфт, Туркия бузургтарин майдони нафтии Баҳри Сиёҳро кашф карда, ки дорои захоири гази табиӣ ба ҳаҷми 320 миллиард метр мукааб аст.

Эрдуғон афзуд, ҳадафи Анкара ин аст, ки гази табиии ин майдонро то соли 2023 омодаи тавзеъ ва фурӯш кунад.

Чанде пеш Блумберг аз кашфи ин майдони газӣ хабар дода буд.

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин гуфт, кишвараш дар моҳҳои оянда ба амалиёти ҳаффорӣ ва иктишофи манобеи ҳидрокарбон дар шарқи Баҳри Мидитарона низ суръат хоҳад бахшид.

Пештар Иттиҳоди Аврупо аз Аврупо хоста буд, амалиёти ҳаффорӣ ва иктишоф дар Баҳри Мидитаронаро мутаваққиф кунад.