Талоши Бойден ва Трамп барои ҷалби ҳимояти овоздиҳандагони ҳиндӣ
(last modified 2020-08-24T08:22:04+00:00 )
Август 24, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Талоши Бойден ва Трамп барои ҷалби ҳимояти овоздиҳандагони ҳиндӣ

Раиси ҷумҳури кунунӣ ва номзади Ҳизби демократи Амрико барои интихоботи ноябр барои ҷалби ҳимояти овоздиҳандагони ҳиндитабор талош мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, торнамои Осиё Пасифик Ниюз, рӯзи душанбе дар гузорише навишт: Интихоби  Камалла Ҳрисс, сенатори амрикоии сокини Калифорния, ки духтари яке аз муҳоҷирони ҳиндӣ-ҷамайкаитабор аст ба унвони муовини Ҷо Бойден мавриди таваҷҷуҳи густардаи ҳиндиҳои саросари ҷаҳон қарор гирифтааст.

Ин истиқбол сабаб шудааст, то Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико низ як корзори таблиғотӣ бо ҳадафи ҷалби ҳимояти овоздиҳандагони ҳиндитабори Амрико ба роҳ андозад.

Кимберлӣ Гилфойл, мушовири баландпояи Трамп дар пайёме таблиғотӣ дар ҳисоби Твиттери худ навишт: Амрико равобити бисёр хубе бо Ҳинд дорад ва муборизаҳои интихоботии мо аз ҳимоятҳои густардаи амрикоиҳои ҳиндитабор бархурдор аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи севвуми 2020 баргузор мешавад.