Тармп номзади расмии ҷумҳурихоҳони Амрико шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56811-Тармп_номзади_расмии_ҷумҳурихоҳони_Амрико_шуд
Конвансиони миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико рӯзи душанбе Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунунии ин кишварро ба унвони номзади расмии ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико муаррифӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2020 05:07 Asia/Dushanbe
  • Тармп номзади расмии ҷумҳурихоҳони Амрико шуд

Конвансиони миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико рӯзи душанбе Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунунии ин кишварро ба унвони номзади расмии ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ба ин тартиб Доналд Трамп бояд севвуми ноябр дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо Ҷо Бойден, номзади демократ рақобат кунад.

Шуйюи бесобиқаи коронавирус дар Амрико, омори болои маргу мири бархоста аз он, рикуди иқтисодӣ, бекории бесобиқа ва табъизи нажодии сохторӣ мавзӯоте аст, ки рақобат дар ин интихоботро барои Трамп сахт кардааст.

Натиҷаҳои бештари назарсанҷиҳо дар моҳҳои ахир дар Амрико аз пештозии Бойден нисбат ба Трамп ҳикоят дорад.

Ба бовари таҳлилгарони сиёсӣ, корномаи заифи Трамп дар мувоҷеҳа бо буҳрони коронавирус ва амалкарди фоҷеабораш дар канори мавзеъгириҳои ҷанҷолии ӯ нисбат ба эътирозҳои ахири зидди нажодпарастӣ дар ин кишвар метавонад ба осонӣ муҷиби нокомии ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шавад.