Тири Амрико алайҳи Эрон боз ҳам ба санг хӯрд
Раиси кунунии Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид эълом кард бо таваҷҷӯҳ ба мухолифати 13 узв бо хостаи Амрико дар бораи баррасии пешниҳоди бозгардондани таҳримҳои Эрон, наметавон ин пешниҳодҳоро баррасӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ирна, Диан Ҷанӣ рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ аз тавофуқи назар надоштани ҳамаи аъзои Шӯрои Амният дар бораи нақшаи Амрико барои бозгардондани таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон хабар дод ва гуфт, ки ин шӯро дар ҷойгоҳе нест, ки иқдоми бештаре дар бораи дархости Амрико анҷом диҳад.
Дар ин нишаст намояндагони Фаронса, Русия ва Чин дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъкид карданд Амрико дигар як кишвари узви барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом -тавофуқи ҳастаӣ) ба шумор намеояд ва бинобарин иблоғияи Вашинтон зайли банди 11 қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид содир нашуда ва Амрико наметавонад раванди механизми Моша (бозгардондани таҳримҳо)-ро фаъол кунад.
Вазири хориҷаи Амрико Майк Пампео рӯзи панҷшанбе 20 август бо таҳвили номае ба раиси Шӯрои Амнияти СММ барои бозгардондани таҳримҳое, ки ба мӯҷиби тавофуқи ҳастаӣ ва қатъномаи 2231 лағв шуда буд, рӯзи ҷумъа 13 аъзои он, аз ҷумла чаҳор узви доимӣ ва нӯҳ аъзои муваққатӣ эълом карданд, ки дархости ИМА асоси қонунӣ надорад.