Август 26, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти аршади кишварҳои

Мақомоти аршади кишварҳои нишасти "Қалби Осиё" бар зарурати барқарории сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, нишасти "Қалби Осиё" рӯзи сешанбе ба раёсати муовинони Вазорати умури  хориҷаи Афғонистон ва Тоҷикистон ва бо мушорикати намояндагони кишварҳои узви ин раванд ва созмонҳои байналмилалии ҳомии он аз тариқи видеоконферентсия баргузор шуд.

Мақомоти ширкаткунанда дар ин нишасти маҷозӣ барои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муштараки кишварҳои узви ин нишаст барои барқарории сулҳ дар Афғонистон  ва муваффақияти ин кишвар дар мубориза бо вируси корона таъкид карданд.

14 кишвари минтақа, аз ҷумла Эрон, Покистон, Хинд, Арабистон ва Чин узви аслии нишасти Қалби Осиё ва 17 кишвар ва 14 созмони минтақаӣ ва фароминтақаӣ ҳам аъзои нозири ин рӯйдод ҳастанд.

Барчасп