Август 27, 2020 15:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абад барои омили куштори мусулмонони Зеландияи Нав

Омили тирандозӣ дар масоҷиди Зеландияи Нав ба ҳабси абад бидуни доштани ҳаққи озодии машрут, маҳкум шуд.

Cameron Mander, қозии додгоҳи шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав рӯзи панҷшанбе гуфт, Brenton Tarrant, муҳоҷими 29 солаи австролиёӣ ба ҷурми тирандозӣ ба сӯи мусулмонони ини шаҳр ва куштани 51 нафар намозгузор дар ду масҷид ба ҳабси абад маҳкум шуда ва ҳаққи фарҷомхоҳӣ ё тақозои афв дар ояндаро нахоҳад дошт.

Нахустин бор аст, ки ҳукми ҳабси абад бидуни тақозои бахшиш дар оянда дар Зеландияи Навсодир мешавад.

Қозии додгоҳи шаҳри Крайстчерч хитоб ба Brenton Tarrant гуфт, “ҷиноёти ту чунон шарирона аст, ки ҳатто агар то маргат зиндонӣ боши ҳаққи муҷозотат адо нахоҳад шуд”.

Jessica Ardern, нахуствазири Зеландияи Нав ҳам шуҷоати бозмондагон ва ҷомеаи мусулмонони ин кишварро сутуд, ки бо ҳузур дар додгоҳ ва ёдоварии хотираи дардноки он рӯз дар додгоҳ шаҳодат доданд.

Brenton Tarrant шаҳрванди австролиёӣ рӯзи 15  марти соли 2019 намозгузорони ду масҷиди Linwood ва Нӯрро дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав тирборон кард, ки бар асари он 51 нафар намозгузорон ҷон бохтанд ва 47 нафари дигар захмӣ шуданд.

Tarrant дар додгоҳ худро нажодпараст, ки хоҳони ҳокимияти нажоди сафкд бар ҷаҳон аст, муаррифӣ кард ва гуфт, барои куштори мусулмонони Зеландияи Нав бо барномарезии қаблӣ амал карда буд то битавонад теъдоди ҳарчӣ бештаре аз ононро бикушад.

Tarrant ҳамчунин бо ҳукмаш, ки ҳабси абад бидуни озодии машрут аст, ҳеч мухолифате накард.