Поёни буҳрони гаравгонгирӣ дар пойтахти Арманистон
Моҷарои гаравгонгирӣ дар Ереван-пойтахти Арманистон дар пайи музокироти нерӯҳои амниятӣ ва гаравгонгирон поён ёфт ва ҳамаи пулисҳои гаравгон озод шуданд.
Буҳрони як ҳафтаии гаравгонгирӣ дар пойтахти Арманистон бо озодии гаравгонҳо, поён ёфт.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Садо ва симо, дар пайи музокироти нерӯҳои амниятӣ ва гаравгонгирон, онон ду афсари пулис, муовини раиси пулиси Ераван ва муовини раиси пулиси миллии Арманистонро аз асорати худ озод карданд.
Озодии ин гаравгонҳо пас аз он анҷом шуд, ки мақомоти Арманистон ба дархости гаравгонгирон пазируфтанд як маркази матбуотии муваққатро дар як минтақаи бе тараф дар наздики посгоҳи полис, тасарруф шуда аз сӯи гаравгонгирон эҷод кунанд, то онон ба расонаҳои умумӣ, дастрасӣ дошта бошанд.
Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ бо ҳамла ба як посгоҳи пулис дар Ереван, 9 афсари пулисро гаравгон гирифта ва хоҳони озодии як чеҳраи мухолифи давлат шуданд.
Раисиҷумҳури Арманистон ҳам дирӯз аз гаравгонгирон хост, таслим шаванд ва эълом кард, ки давлат тасмим надорад барои озодии гаравгонҳо ба зӯр мутавассил шавад.