Таъкиди мушовири Байден бар бозгашти Амрико ба БарҶом
Мушовири Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бар зарурати бозгашти ин кишвар ба тавофуқҳои байналмилалӣ, аз ҷумла БарҶом таъкид кард.
Ҷейк Салливан рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо Андешкадаи " Atlantic Council" зимни таъкид бар ташкили эътилофҳои дохилӣ дар Амрико, бар аҳамияти эҳёи ҷойгоҳи ин кишвар дар миёни кишварҳои ҷаҳон бавижа аз тариқи бозгашт ба паймонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ таъкид кард.
Салливан эълом кард, пайвастани дубораи Амрико ба тавофуқи обу ҳавоии Париж ва талош барои тақвияти он, бозгашт ба БарҶом, хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва баррасии муҷаддади равобити Чин-Амрико бархе аз авлавиятҳои нахусти давлати Байден, хоҳад буд.
Салливан ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии Амрико изҳор дошт, Вашингтон бояд корҳои бисёр ва муҳимме дар дохил анҷом диҳад сипас ба сиёсати хориҷӣ бипардозад, ки мубориза бо куруно ва мубориза бо нажодпарастӣ аз ҷумла онҳо аст.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.
Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷиҳ шудааст.