Сентябр 05, 2020 12:58 Asia/Dushanbe
  • Дифои раисиҷумҳури Фаронса аз озодии куфргӯӣ

Раисиҷумҳури Фаронса аз иқдоми нашрияи фаронсавии "Шарли Эбдо" дар бознашри тасовири иҳонат ба Паёмбари Ислом (с) дифо кард.

Ба гузориши Спутник, Эманнуэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар маросиме барои гиромидошти таърихи демократия дар ин кишвар бори дигар аз тавҳин ба муқаддасот, дифо кард ва онро бахше аз озодии баён донист.

Макрон ҳамчунин аз касоне, ки мехоҳанд бидуни пазируфтани озод будан, куфргӯӣ ва тавҳин ба муқаддасот, шаҳрванди Фаронса бошанд, интиқод кард ва гуфт, шумо наметавонед бахше аз Фаронсаро интихоб кунед, вақте ин кишварро интихоб мекунед, ҷумҳурии Фаронса иҷозаи моҷароҷӯиҳои табъизомезро нахоҳад дод.

Вай афзуд: “озодӣ дар Фаронса, озодӣ барои эътиқод доштан ё надоштанро шомил мешавад, аммо инро наметавон аз озодии ҳаққи куфргӯӣ ҳам ҷудо кард”.

Нашрияи "Шарли Эбдо" рӯзи сешанбе дар густохии ҷадиде бори дигар корикотурҳои ҷанҷолии иҳонатбор ба Паёмбари Акрам (с)-ро бознашр кардааст.

Ин нашрия дар сармақолаи тавҳиномезе, ки сешанбеи гузашта ҳамроҳ бо корикотурҳои ҷанҷолиаш мунташир карда, навиштааст, ин тасовир мутааллиқ ба таърих ҳастанд ва таърихро наметавон бознависӣ ё пок кард.