Сентябр 05, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаи таҳқиқ: бозгашти аксарияти зиндониёни озодшудаи Толибон ба ҷанг дар Афғонистон

Натиҷаи як баррасии расонаӣ нишон медиҳад токунун ҳудуди 60 дар сад аз зиндониён озодшудаи Толибон ба майдонҳои ҷанг алайҳи давлати Кобул бозгаштаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз расонаҳои Афғонистон , нашрияи Форн полисӣ ба нақл аз Майкл Самплей ва Феликс Кевин, ки замоне дар Афғонистон фаъолият мекарданд , гузориш дод : « зиндониёни озодшудаи Толибон  нақши фаъоле дар ҷангҳои ҷадид дар Афғонистон доранд. Онҳо дар майдонҳои ҷадиди ҷангӣ, пас аз озодӣ аз зиндони  кушта ё дубора  асир  ме‌шаванд.»
Дар ин гузориш омадааст : беш аз ниме  аз 108 нафари зиндонии пешини Толибон, ки бо онҳо гуфтугӯ шудааст дубора ба суфуфи ҷангҷӯёни Толибон  пайваста ва ба фаъолиятҳои ҷангии пардохтаанд .
Ин ёфтаҳо ҳокӣ аз он аст, ки тамоми ин фаъолиятҳо хилофи тавофуқномаи Амрико ва Толибон буда ва ҳушдорҳои мақомҳои давлатии Афғонистон дар мавриди пайвастани дубораи ин афрод ба амалиёти ҷангҷӯёнаи гурӯҳи Толибон дуруст будааст .
Давлати Афғонистони пеш аз ин эълом карда буд зиндониёне, ки дар пайи тавофуқи сулҳи Амрико бо Толибон аз зиндонҳои давлатии Афғонистон озод шудаанд тааҳуд додаанд, ки дигар ба майдони ҷанги бози нгрднд аммо бисёре аз онҳо бори дигар дар ҳамлаҳои террористӣ ширкат карда ва ё дар амалиёти ҷангталабонаи ин гурӯҳ  дубора дастгир шудаанд .
Толибон бо радди ин изҳорот муддаӣ шудааст, ки нерӯҳои вижаи амнияти миллии Афғонистон зиндониёни озодшудаи ин гурӯҳро дубора дастгир мекунанд .
Давлати Ашраф Ғанӣ ин изҳороти Толибонро рад мекунад .

Барчасп