Сентябр 05, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таҳримҳои Русия алайҳи Украина

Русия номи чанд шохиси дигарро дар феҳристи таҳримҳои иқтисодии зидди Украина қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса , давлати Русия дар ҳукми  расмӣ, ки ба имзои  Михаил  Мишустин нахуствазири ин кишвар  расид , номи 41 нафар аз ҷумла Петро Порошенко раиси Ҷумҳурии собиқи Украинаро ба феҳристи таҳримҳои иқтисодии зидди масъулони украинӣ, ки дар ноябри 2018 таҳия шуда буд , афзуд .  
 Ин феҳрист шомили 322 шахсияту 68 ширкати украинӣ аст, ки Русия дороиҳои онҳоро масдуд кардааст .
Чандин  узви порлумон ва шахсияти сиёсии дигари Украина низ ба феҳристи таҳримҳои Русия ворид шудаанд .
Ихтилофоти Русия ва Украина аз соли 2014 ва пас аз кудетои ғарбгароён  алайҳи давлати вақти Украина оғоз шуд .

Барчасп