Сентябр 06, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ҷанг миёни давлати Афғонистон ва Толибон

Дар остонаи оғози музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон, ин гурӯҳ ҷангро дар ин кишвар ташдид кардааст.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Ово, Сарпарасти Вазорати дифоъи миллии Афғонистон рӯзи якшанбе дар шаҳри "Маҳатерлом"- маркази вилояти Луғмон гуфт: Толибон қасд дорад бо ташдиди ҷанг дар ин кишвар, имтиёзҳои бештаре ба даст оварад.

Асадуллоҳ Холид афзуд: Ҳар чанд, ки ҷанг аз сӯи Толибон ташдид шуда, аммо давлати Афғонистон итминон дорад, ки ҳеҷ нуқтае аз ин кишвар дар ҳамлаи Толибон суқут намекунад.

Қарор аст ба зудӣ музокироти сулҳ миёни намояндагони давлати Афғонистон ва Толибон дар Дохаи Қатар оғоз шавад.

Толибон шаби гузашта аъзои тими худро барои музокира бо давлати Афғонистон муаррифӣ кард.

 

Барчасп