Шойгу: НАТО дар ҳоли шабеҳсозии ҳамлаҳои мушакӣ ба хоки Русия аст
(last modified Tue, 08 Sep 2020 04:08:45 GMT )
Сентябр 08, 2020 09:08 Asia/Dushanbe
  • Шойгу: НАТО дар ҳоли шабеҳсозии ҳамлаҳои мушакӣ ба хоки Русия аст

Вазири дифоъи Русия эълом кард: Кишварҳои узви Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ "НАТО" дар ҳоли шабеҳсозии ҳамалоти мушакӣ ба хоки Русия ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Шойгу афзуд: Дар гузашта парвози ҳавопаймоҳои НАТО ба парвозҳои шиносоӣ маҳдуд буд, аммо акнун неруи ҳавоии кишварҳои узви НАТО дар ҳоли тамрин барои ҳамалоти мушакӣ бо истифода аз шумори зиёде ҳавопаймо ҳастанд.

Вай афзуд: НАТО қасд дорад минтақаи дарёи Сиёҳро низомӣ кунад.

Дарёи Сиёҳ, арсаи аслии рӯёрӯии Русия ва Ғарб аст.

Воҳидҳои дарёии Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ "НАТО" ба сурати мудовим дар дарёи Сиёҳ ҳузур доранд ва ҳар сол дар соҳилҳои Гурҷистон ва Украина размоишҳое баргузор мекунанд, ки Русия дар он душмани ниҳоӣ қаламдод мешавад.

НАТО дар солҳои ахир ба баҳонаи таҳдидҳои Маскав зидди Ғарб, ҳузури густурдае наздики хоки Русия ва манотиқи ҳам марзи ин кишвар доштааст.

Равобити Ғарб ва Маскав аз соли 2014 дар чаҳор меҳвари густариши нуфузи низомии НАТО ба вижа Амрико наздики Русия ва дар шарқи Аврупо, буҳрони Украина, дарёи Балтика ва авзоъи Сурия тира шудааст.