Трамп: Пентагон барои ризояти паймонкорони низомӣ, ҷанг роҳ меандозад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57249-Трамп_Пентагон_барои_ризояти_паймонкорони_низомӣ_ҷанг_роҳ_меандозад
Раиси ҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, ки сарони Пентагон барои розӣ нигаҳ доштани паймонкорони низомӣ, ҷанг роҳ меандозанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 08, 2020 13:02 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Пентагон барои ризояти паймонкорони низомӣ, ҷанг роҳ меандозад

Раиси ҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, ки сарони Пентагон барои розӣ нигаҳ доштани паймонкорони низомӣ, ҷанг роҳ меандозанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА; Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ихтилофоти ахираш бо сарони артиш, раҳбарон ва раисони Пентагонро муттаҳам кард, ки барои ризояти паймонкорони низомӣ ва ширкатҳои аслиҳасозӣ, ҷанг роҳ меандозанд.

Ин изҳороти Трамп дар ҳоле аст, ки дар идомаи рӯйкарди ҷангталабонаи Вашингтон, Маҷлиси Сенати Амрико бо лоиҳаи будҷаи 740 миллиарддолларии Вазорати дифоъи ин кишвар мувофиқат кардааст.

Ба рағми мушкилоти зиёди Амрико дар мубориза бо буҳрони корона, ки ба бекории миллионҳо нафар мунҷар шудааст, Сенати Амрико 25 июл бо будҷаи бисёр зиёди Пентагон мувофиқат кард.

Муътаризон мегӯянд пули андозсупорони Амрико барои иқдомоти таҳоҷумӣ ва хушунатомез истифода мешавад.