Беҳбудии ҳоли Алексей Навалний дар Олмон
Манбаъҳои беморхонаҳо дар Олмон аз беҳтар шудани ҳоли мухолифи саршиноси давлати Русия Навалний хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна, бемористони Чарита дар Берлин дар як Твитт эълом кард, ки ҳоли Алексей Навалний саршиностарин мухолифи "Владимири Путин " Раиси Ҷумҳурии Русия беҳбуд ёфта ва бо талоши пизишкон аз кома хориҷ шуда аст .
Ба гуфтаи табибон, оқибатҳои дарозмуддати масмумшавии ӯро бояд арзёбӣ кард. Кишварҳои ғарбӣ, бавижа Олмон, иддао доранд, ки Маскав Алексей Навалний, раҳбари оппозисиюни Русияро бо гази саммӣ Новичук масмум кардааст; Иттиҳоме, ки Маскав шадидан рад мекунад.
Рӯзи 20 август Алексей Навалнийро бо парвози дохилӣ аз Томск ба Маскав оварда, таҳти фишори байналмилалӣ ба бемористони Олмон интиқол доданд.