Сентябр 08, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти солрӯзи шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон

Шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон ба муносибати солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ёди қаҳрамони миллии ин кишварро гиромӣ доштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон , Ашраф  Ғанӣ Раиси Ҷумҳури Афғонистон дар паёме ба муносибати нуздаҳумин солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд гуфт : мардуми ин кишвар  мадюни фидокории   куштаҳои ҷанг дар дифо аз тамомияти арзӣ ва муҷоҳидони ростини ин ватан ҳастанд .
Ашраф  Ғанӣ дар паёми худ афзуд : муқовимати мардум дар баробари ишғоли Афғонистон дар торихи муборизот  раҳоии бахши беназир асту ҳамакнун низ мардуми Афғонистон дар хати мақдами мубориза бо тероризми ҷаҳонӣ қарор доранд ва дар солҳои ахири қурбониҳои зиёде додаанд .

Имрӯз дар Лоя Ҷирга низ бо ҳузури мақомоти давлатӣ ва чеҳраҳои сиёсиву ҷиҳоди Афғонистон маросиме ба муносибати солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор шуд.
Дар ин маросим , Абдулло  Абдулло  раиси шӯрои  олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки сафҳаи душманӣ бо Толибон бояд аз тариқи сулҳ баста шавад то мардуми ин кишвар канори ҳам дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунанд .
Абдулло таъкид кард дар рӯзҳои оянда  музокироти байни Афғонистонӣ дар Қатар оғоз мешавад ва ба зудӣ ҳайати давлатии озими Қатар хоҳанд шуд .
 Аҳмадшоҳи Масъуд  нуздаҳи соли пеш дар чунин рӯзе дар ҳамлаи террористӣ ҷони худро аз даст доду дар Афғонистони чунин рӯз  таътили расмӣ аст .