Сентябр 09, 2020 09:43 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи ду низомии Мянмар ба куштори мусалмонони Роҳингия

Ду низомии артиши Миянмар ба куштори ҷамъе мусулмонони Роҳингия, эъдом, дафни гурӯҳӣ, пок кардани осори ҷурм дар рустоҳои маҳалли сукунати онҳо ва таҷовузи ҷинсӣ эътироф карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА , " Муон Винтон " низомии Мянмар дар видиёе эътироф кард, ки дар моҳи августи соли 2017 ба онҳо дастур дода шуд   ҳар мусулмонеро аз Роҳингия, ки мебинанд ва садояшро мешунаванд парронанд  .
Дар видиёи дигар, ки ҷузиёти онро рӯзномаи " Ню-Йорк  таймс "-и Амрикои рӯзи сешанбе мунташир кард , " Винтон " эътироф мекунад, ки дар қатли ом  30 тан аз мусулмонони Роҳингия низ дафни дастаҷамъии онҳо дар наздикии як пойгоҳи низомӣ мушорикат доштааст .
Ҳамчунин,  низомиёни дигари Мянмар Чжао Нингтун низ  зимни эътироф ба иртикоби анвоъи ҷиноёт  алайҳи мусулмонони Роҳингия гуфт, ки вай ба ҳамроҳи дӯстонаш дар артиш , фармони мушобеҳеро дарёфт карданд, ки дастур дода шуда буд : ҳар касе аз руҳингиёиҳоро  диданд чӣ кӯдаку чӣ бузургсол , бикушанд .
Ин ду низомии Мянмар барои нахустин бор бо эътирофи расмӣ ва аланӣ , ҷиноятҳоеро, ки алайҳи мусулмонони Роҳингия рӯй додааст , бо додситонҳои байналмилалӣ дар миён гузоштанд.
Низомиёни Мянмар, ки моҳи август аз ин кишвар фирор карда буданд рӯзи душанбе ба шаҳри Гаагаи Нидерланд мунтақил шуданд то ба ҷиноятҳои густардаи  артиши Мянмар алайҳи ақаллияти мусулмони Роҳингия расидагӣ шавад. Артиши Мянмар шибҳи низомиёни буддоӣ бо ҳамла ба мардуми мусулмони Роҳингия дар иёлоти мусулмоннишини Ракҳин ҳамла карда, ҳазорон нафарро куштанд ва тақрибан як миллион нафари дигарро овора карданд.

Барчасп