Сентябр 09, 2020 12:44 Asia/Dushanbe

Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳаш дар Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз  хабаргузории Тасним , « Ториқ Орин » сухангӯи  вазорати кишвари Афғонистон эълом кард : субҳи рӯзи чаҳоршанбе , корвони мошинҳои ҳомили « Амруллоҳи Солеҳ » муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳ дар минтақаи чаҳоруми амниятии Кобул  ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор  гирифтанд, ки дар ин ҳамла « Амруллоҳ Солеҳ» ҷон ба дар бурд .
Ториқ Орин афзуд : дар ин инфиҷори террористӣ дастикам  ду тан  кушта ва 12 нафари ҳам захмӣ шуданд .
 Се нафар аз муҳофизони « Амруллоҳи Солеҳӣ » аз захмиҳои ин инфиҷори террористӣ ҳастанд .
 Токунун шахс ё гурӯҳе масъуляти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст .

Барчасп