Сентябр 09, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Лукашенко: Баъд аз Беларус навбати Русия аст

Раисҷумҳури Беларус дар бораи паёмадҳои мудохилаи хориҷӣ дар нооромиҳои ин кишвар ҳушдор дод.

Рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав рӯзи чаҳоршанбе навишт: “Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо бархе намояндагони расонаҳои гурӯҳии Русия ба ҳимояти Амрико аз мухолифон дар кишвараш ишора кард ва ҳушдор дод, ҳадафи аслӣ аз иттифоқоти рухдода дар воқеъ Русия аст ва агар Беларус “фурӯ бипошад”, навбат ба Федератсияи Русия хоҳад расид.

Бар асоси ин гузориш, Лукашенко гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пушти каналҳои Телеграми мухолифони белорусӣ аст ва ба ин шева аз онҳо ҳимоят мекунад.

Раисҷумҳури Беларус ҳамчунин омодагии худро барои идомаи идғом дар кишвари муттаҳид бо Русия эълом кард ва ёдовар шуд, ибтидо лозим аст то тамоми проектҳои мавҷуд дар чорчӯби кишвари муттаҳид воқеан ҷомаи амал бипӯшанд.

Дар пайи интихоби дубораи Александр Лукашенко ба раёсатҷумҳурии Беларус дар интихоботи 9 август, мухолифони вай бо баргузории роҳпаймоҳои эътирозӣ таъкид мекунанд, натиҷаи интихоботро ба расмият намешиносанд ва Лукашенко бояд аз қудрат канорагирӣ кунад.

Александр Лукашенко аз соли 1994 раисҷумҳури Беларус аст.

 

Барчасп