Тазоҳурот дар Истамбул дар эътироз ба иқдоми тавҳиномези маҷаллаи фаронсавӣ
Шаҳрвандони Туркия дар эътироз ба иҳонати маҷаллаи фаронсавии Чарлӣ Эбдо ба соҳати муқаддаси паёмбари акрам (с), дар шаҳри Истамбул тазоҳурот баргузор карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, бархе аз тазоҳуркунандагон дар майдони Боязиди шаҳри Истамбул шиорнавиштаҳое бо мазмуни ҳушдор ба маҷаллаи Чарлӣ Эбдо ва Эманоел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар даст доштанд.
Нуриддин Ширин, сардабири утоқи хабари шабакаи телевизионии Қудси Туркия ҳушдор дод, ки Макрон ба хотири густохӣ дар шарқи Миёназамин ва ҳимоят аз иҳонат ба ислом ба баҳонаи озодии баён, товони сангине хоҳад дод.
Эманоел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар вокуниш ба интишори ин карикатураи тавҳиномез, аз иқдоми маҷаллаи фаронсавӣ бо унвони озодии куфргӯӣ дар Фаронса дифоъ кардааст.
Вазорати умури хориҷаи Туркия низ пештар тасмими маҷаллаи фаронсавиро ба бознашри карикатурае, ки дар он ба мазҳаб ва соҳати муқаддаси паёмбари ислом (с) иҳонат шуда, маҳкум кард.
Ин карикатураҳо ҳамзамон бо баргузории додгоҳи 13 нафар аз ҳамлакунандагон ба дафтари нашрияи Чарлӣ Эбдо бознашр шудааст.
Дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дафтари Чарлӣ Эбдо дар соли 2015, ки пас аз интишори карикатураҳои тавҳиномез ба паёмбари ислом (с) иттифоқ афтод, дар маҷмӯъ 17 нафар аз ҷумла 12 узви таҳририяи ин маҷалла ва се тан аз муҳоҷимон кушта шуданд.