Сентябр 14, 2020 17:57 Asia/Dushanbe
  • Кашфи нишонаҳои зиндагӣ дар ситораи ноҳид

Кашфи таъсири гази фосфин ба атмосфераи Зӯҳра олимонро ба имконияти зиндагӣ дар сайёра умедвор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Спутник , донишмандони донишгоҳи Кордифи Англия ва институти фанноварии Массачусети Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гази фосфинро дар атмосфераи сайёраи Ноҳид ( Зуҳра ё Вунус ) кашф кардаанд, ки мумкин аст маншаи биологӣ дошта бошад.
 Фосфин як гази бе ранг ва бисёр саммӣ аст, ки дар замин тавассути микроорганизмҳое тавлид мешавад, ки ниёзе ба кислород надоранд .
 Дар соли 2019, ҷустуҷӯи фосфин дар атмосфераи сайёроти фарохуршедӣ ба унвони нишонгари ҳаёти эҳтимолӣ дар онҳо пешниҳод шуд .
 Иттилооти марбут ба ин кашфи имрӯз дар як конфренсияи матбуотии онлайн мунташир ва ба унвони як мақолаи илмӣ дар маҷаллаи Nature мунташир мешавад .
 Сайёраи Ноҳид аз назари мадорӣ , наздиктарин фосила ба заминро дорад ва баъд аз моҳ, дурахшонтарин ҷурми осмоии табиӣ аст, ки ба ҳангоми шаб дар осмони замин дида мешавад

Барчасп