Корона донишгоҳи Ғури Афғонистонро таътил кард
(last modified Mon, 14 Sep 2020 13:49:37 GMT )
Сентябр 14, 2020 18:49 Asia/Dushanbe
  • Корона донишгоҳи Ғури Афғонистонро таътил кард

Як масъули Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт: "Бепарвоӣ нисбат ба қоидаҳои даврони қарантинаи мардуми Афғонистон боиси афзоиши ногаҳонии омори мубталоён ба коронаро ба ҳамроҳ дошта ва ин боиси бори дуввум баста шудани донишгоҳ, бахусус дар вилояти Ғур гардид."

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА , Масума Ҷаъфарӣ, муовини сухангӯи Вазорати тандурустии ҷамъияти Афғонистон ба хабарнигорон гуфт:  ба тозагӣ 30 нафар аз донишҷӯёни донишгоҳи остони Ғур дар маркази ин кишвар ба бемории корона мубтало шудаанду ба ҳамин далел  ин донишгоҳ  таътил эълом шуд .Бар асоси гузориши масъулони беҳдоштии остони « Ғур » 74 донишҷӯи  дигари ин донишгоҳ низ алоими корона аз худ нишон додаанд . Вазорати тандурустии Афғонистон эълом кардааст, ки шумори кулли мубталоён ба корона дар ин кишвар токунун ба 38 ҳазору 772 нафар расидааст . Ҳамчунин дар 24 соати гузашта  5 нафар бар асари ин бемории ҷонбохтаанду шумори ҷонбохтагон ҳам ба 1425 нафар афзоиш ёфтааст .Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои Афғонистон гузориш доданд : натоиҷи як таҳқиқи Вазорати тандурустии ин кишвар нишон медиҳад, ки бештар аз 50 дар сади мардуми Афғонистон  муодили беш аз 10 миллион нафар токунун ба бемории корона мубтало шудаанд .Баъд аз моҳҳо қарантина , мардуми Афғонистон бе тавваҷуҳ ба риояти нукоти беҳдоштӣ дар маконҳои умумӣ , масоҷид , марокизи тиҷорӣ, идорӣ ва омӯзишӣ ҳузур меёбанд, ки ин амр сабаб шудааст то теъдоди беморони мубтало дар рӯзҳои ахир афзоиш ёбад .