Ваъдаи фаронсавиҳо ба Тоҷикистон барои пас аз корона
(last modified Mon, 14 Sep 2020 15:05:56 GMT )
Сентябр 14, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи фаронсавиҳо ба Тоҷикистон барои пас аз корона

Ширкатҳои фаронсавӣ ваъда додаанд, ки пас аз фурӯкаш кардани бӯҳрони Ковид -19 дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , ин мавзӯ дар нишасти шӯрои  муштараки бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Фаронса, ки аз тариқи видео-конферентсия баргузор шуд , мавриди баррасии қарор гирифт.
Дар ин нишаст  имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон , тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ , хадамотӣ ва гардишгарӣ ва имтиёзотӣ, ки ба сармоягузорони хориҷӣ эъто мешавад барои фаъолони бахши хусусии Фаронса ташреҳ шуд .
Қаблан миёни Тоҷикистон ва Фаронса созшномаҳҳое дар дар заминаи ҳамкориҳои дорусозӣ , сохти маркази бузурги тиҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафурови вилояти Суғд , рушди фанновариҳои навини иртиботӣ ба имзо расида буд .
Дар Тоҷикстон ҳамакнун 20 ширкати фаронсавӣ фаъол асту ду тараф дар бораи ифтитоҳи дафтари намояндагии ожонси миллии рушди Фаронса  дар шаҳри Душанбе ба тавофуқ  расидаанд .
Дар поёни ин нишаст  тарафи фаронсавӣ эълом кардааст, ки бо беҳбудии авзои ношӣ аз густариши вируси корона  як гурӯҳ аз фаъолони бахши хусусии ин кишварро барои баррасии сармоягузорӣ дар тарҳҳои пешниҳодии Тоҷикистон ба Душанбе  эъзом хоҳад кард .