Сентябр 15, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Покистон ба оддисозии равобит бо режим саҳюнистӣ

Нахуствазири Покистон оддисозии равобити бархе кишварҳои арабиро бо режими саҳюнистӣ маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Имрон Хон рӯзи сешанбе дар вокуниш ба оддисозии ахири равобити Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ пас аз Аморот гуфт: Исломобод ҳаргиз тасмиме муғойир бо ормонҳои Фаластин нахоҳад гирифт.

Нахуствазири Покистон бори дигар бар мавозеъи қотеъонаи худ зидди режими саҳюнистӣ ва ба расмият нашинохтани ин режими ғосиб таъкид кард ва афзуд: Давлат ва мардуми Покистон ҳамвора аз миллати Фаластин ҳимоят мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ахиран аз оддисозии равобит миёни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ хабар дод. 13 август низ дар паи талошҳои Трамп барои тасҳили раванди оддисозии равобити режимҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, Аморот ва Исроил бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп