Молекулаи ғайрифаъолкунандаи коронавирус муайян карда шуд
Олимони Донишгоҳи Питтсбург дар Иёлоти Муттаҳида як молекулаи хурдро муайян карданд, ки коронавирусро ғайрифаъол мекунад ва метавонад заминаи тавлиди доруи пешгирӣ ва табобати Ковид -19 бошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Исно , муҳаққиқони донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Питтсбурги Pittsburgh Амрико бо интишори ёфтаҳои худ дар маҷаллаи Cell , гузориш доданд молекулаеро кашф кардаанд, ки ҷузъӣ аз як подтан аст, ки 10 бор кӯчактар аз подтанҳои комилан бузург асту метавонад поя ва асоси тавсеаи доруии Ковид -19 бошад .
Ин молекула, ки Ab8 номи гирифта дар пешгирӣ ва дармони Ковид -19 дар муш ва хамстерҳо муассир будааст .
Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки Ab8 ба далели кӯчак буӯдани андозааш мумкин аст гузинаи муносибӣе барои тавлиди доруи танаффусӣ ё доруи тазриқӣ бошад .
Доктор Ҷон Меллорз John Mellors раиси бахши бемориҳои уфунии ин донишгоҳ гуфт : Ab8 на танҳо метавонад ба унвони дармонӣ барои Ковид - 19 мавриди истифода қарор гирад , балки метавон онро барои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба ӣин беморӣ низ ба кор гирифт .