Молекулаи ғайрифаъолкунандаи коронавирус муайян карда шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57482-Молекулаи_ғайрифаъолкунандаи_коронавирус_муайян_карда_шуд
Олимони Донишгоҳи Питтсбург дар Иёлоти Муттаҳида як молекулаи хурдро муайян карданд, ки коронавирусро ғайрифаъол мекунад ва метавонад заминаи тавлиди доруи пешгирӣ ва табобати Ковид -19 бошад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 15, 2020 12:52 Asia/Dushanbe
  • 
Молекулаи ғайрифаъолкунандаи коронавирус муайян карда шуд

Олимони Донишгоҳи Питтсбург дар Иёлоти Муттаҳида як молекулаи хурдро муайян карданд, ки коронавирусро ғайрифаъол мекунад ва метавонад заминаи тавлиди доруи пешгирӣ ва табобати Ковид -19 бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Исно , муҳаққиқони донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Питтсбурги Pittsburgh Амрико бо интишори ёфтаҳои худ дар маҷаллаи Cell , гузориш доданд молекулаеро кашф кардаанд, ки ҷузъӣ аз як подтан аст, ки 10 бор  кӯчактар аз подтанҳои комилан бузург асту метавонад поя ва асоси тавсеаи доруии Ковид -19 бошад .
Ин молекула, ки Ab8 номи гирифта дар пешгирӣ ва дармони Ковид -19 дар муш ва хамстерҳо муассир будааст .
 Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки Ab8 ба далели кӯчак буӯдани андозааш мумкин аст гузинаи муносибӣе барои тавлиди доруи  танаффусӣ ё доруи  тазриқӣ бошад .
Доктор  Ҷон Меллорз John Mellors раиси бахши бемориҳои уфунии ин донишгоҳ гуфт : Ab8 на танҳо метавонад ба унвони дармонӣ барои Ковид - 19 мавриди истифода қарор гирад , балки метавон онро барои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба ӣин беморӣ низ ба кор гирифт .