Сентябр 15, 2020 21:31 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Трамп ба талош барои террори Башор Асад

Раиси Ҷумҳурии Амрико гуфт, ки қасд доштааст Раиси Ҷумҳурии Сурияро террор кунад, аммо вазири дифои пешини ИМА бо ин тарҳ мухолифат кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА , Доналд Трамп дар мусоҳибае бо шабакаи Fox News, ки рӯзи сешанбе пахш шуд , изҳор дошт : тарҷеҳ медодам Башор  Асадро аз байн бибарам, аммо аммо Ҷеймс Мэттис инро намехост. 
Вай афзуд, ки ба хотири сарфи назар кардан аз террори Асад , пушаймон нест .
 Рӯзноманигори амрикоӣ Боб Вудворд дар китоби худ дар соли 2018 навиштааст, ки Трамп аз Метис хостааст, ки Асадро террор кунад.
Талоши Трамп барои террори Асад  пас аз он сурат гирифт, ки иддао шуд дар апрели 2017 ҳамлае алайҳи шаҳрвандони Сурия анҷом шудааст .
 Трамп пештар хабарҳо дар мавриди қасди худ барои террори Асадро такзиб карда буд .
Ҷеймс Меттис дар авохири соли 2018 ва ба дунболи эъломи ногаҳонии Трамп барои хориҷ кардани низомиёни Амрико  аз Сурия , истеъфо дод .

Барчасп