Девори тарс дар Миср фурӯ рехт
(last modified 2020-09-16T03:34:49+00:00 )
Сентябр 16, 2020 08:34 Asia/Dushanbe
  • Девори тарс дар Миср фурӯ рехт

Мисриҳои хашмгин хостори тазоҳуроти эътирозомез алайҳи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии раисҷумҳури ин кишвар шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Алолам, корбарони Тветтер, ки аз сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури ин кишвар ба хашм омадаанд бо роҳандозии ҳештаги # #نازلین_ومش_خایفین  (ба хиёбон меоем ва наметарсем), ба Сисӣ ва ҳукумати вай эълом карданд, ки миллати Миср дигар наметавонад зулму ситам ва беадолатиро таҳаммул кунад.

 Корбарон, Сисӣ ва ҳукуматҳои золимро ҳукуматҳои фосид ва вирусҳои қарн тавсиф карданд.

Бархе дигар низ муддаӣ шудаанд, ки Сисӣ мисриҳоро ташвиқ ба барқарории иртибот бо яҳудиён мекунад ва дастури сохти як маъбади яҳудиро бо хароҷоти ҳудуди 186 миллион доллар дар пойтахти идории нави ин кишвар содир кардааст.

 Генерал Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар июни 2014 ба унвони раисҷумҳури Миср савганд хурд ва дар интихоботи раёсатҷумҳури Миср дар соли 2018 низ бо касби 97 дарсад овозҳо дар ҷойгоҳи раёсатҷумҳури Миср боқӣ монд.

 

Барчасп