Трамп: Арабистон ба зудӣ равобиташро бо Исроил оддӣ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57525-Трамп_Арабистон_ба_зудӣ_равобиташро_бо_Исроил_оддӣ_мекунад
Пас аз имзои тавофуқи режими саҳюнистӣ бо Аморот ва Баҳрайн, Раиси Ҷумҳурии Амрико эълон кард, ки Риёз ба зудӣ ба раванди оддисозии равобит бо Тел-Авив хоҳад пайваст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Арабистон ба зудӣ равобиташро бо Исроил оддӣ мекунад

Пас аз имзои тавофуқи режими саҳюнистӣ бо Аморот ва Баҳрайн, Раиси Ҷумҳурии Амрико эълон кард, ки Риёз ба зудӣ ба раванди оддисозии равобит бо Тел-Авив хоҳад пайваст.

Ба гузориши радиои тоҷики  Садои  Хуросон , Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп гуфт : бароварди мо ин аст, ки дасти кам  7 то 9 кишвар ба зудӣ ба раванди оддисозии равобит бо  Тел-Авив  бипайванданд .
Маросими имзои  тавофуқи шуми режими саҳюнистӣ бо кишварҳои Иморот ва Баҳрайн  шаби гузашта бо ҳузури чандсад меҳмони хориҷӣ ва амрикоӣ дар Кохи сафед баргузор шуд .
Дар ҳамин ҳоли  шабакаи хабарии Си Эн Эн ба нақл аз як манбаи огоҳ дар Кохи сафед гузориш дод давлати Амрико  пас аз тадоруки тавофуқи созиши Баҳрайн ва Иморот , барномае барои имзоии тавофуқи ҷадиди режими саҳюнистӣ бо се кишвар  Судон , Марокаш ва Уммонро дар назар дорад .
Оддисозии равобити миёни кишварҳои арабӣ ва Исроил дар ҳоле анҷом мешавад, ки режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба ишғоли сарзаминҳои фаластинӣ идома медиҳад ва ҳеч ояндаи равшане барои ташкили кишвари мустақили фаластинӣ вуҷуд надорад .