ФБР: Русия дар интихоботи 2020-и Амрико мудохила мекунад
Раиси идораи таҳқиқоти федералии Амрико муддаӣ шуд: Русия ҳамчунон ба мудохила ба нафъи Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, камтар аз ду моҳ монда ба баргузории замони интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико, Кристофер Врай-раиси идораи таҳқиқоти федералии ин кишвар(ФБР) ба кумитаи амнияти дохилии Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт: «Иттифоқи назари ҷомеаи иттилоотӣ ин аст, ки Русия ҳамчунон ба талош барои таъсиргузорӣ дар интихоботи мо идома медиҳад.»
Врай муддаӣ шуд, ки талошҳои Кремл бар таҳқир кардани Бойден дар интихоботи 2020 тамаркуз ёфтааст.
Вай ҳамчунин ба намояндагони маҷлис дар мавриди эътирозоти семоҳаи зиддинижодпарастона дар саросари Амрико ва рафторҳои хушунатомези полис бо мӯътаризон гузориш дод ва дар ниҳоят тасдиқ кард, ки аксари эътирозоти зиддинажодпарастона дар Америка сулҳомез будаанд.
Демократҳо то кунун борҳо Русияро ба дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри Амрико муттаҳам кардаанд, аммо Русия ин иттиҳомро рад мекунад.
Трамп ва ҷумҳурихоҳон низ ин иддаоро намепазиранд.