Сентябр 20, 2020 12:20 Asia/Dushanbe
  • Барқгирифтагии духтари таиландӣ ҳини гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ

Духтари навҷавони таиландие, ки ҳамзамон бо шоржи гӯшиаш саргарми гӯш додани мусиқӣ бо наушник буд бар асари барқгирифтагӣ ҷон бохт.

Волидайни ин духтар, ки ҳангоми ноҳор барои садо кардани ӯ вориди утоқаш шуда буданд, ҷисми беҷони фарзанди худро дар ҳоле, ки дар рахти хоб рӯи китобаш афтода буд, мушоҳида карданд.

Онҳо як шоржи гӯширо дар дасти беҷони духтарашон дар ҳоле, ки осори сӯхтагӣ дар даст, гардан ва бозӯҳояш дида мешуд, пайдо карданд.

Ба гуфтаи пулис, ин духтари 16 сола дар утоқи худ ҳамзамон бо гӯш кардан ба мусиқӣ машғули дарс хондан буд, ки дучори барқгирифтагӣ шуд ва ҷонашро аз даст дод.

Талоши маркази фавриятҳои пизишкӣ барои эҳёи қалбии ин духтари навҷавон бенатиҷа монд.

Марги дилхароши ин духтари навҷавон ҳушдоре аст ба ҳамаи корбарони телефонҳои ҳушманд, ки ҳангоми шоржи гӯшии худ аз гӯш кардан ба мусиқӣ бо наушник худдорӣ кунанд.