Сентябр 23, 2020 11:27 Asia/Dushanbe

Ҳафтоду панҷумин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз рӯзи сешанбе бо суханронии маҷозии мақомоти кишварҳо оғоз шуд ва то кунун ба истиснои Доналд Трамп , муҳимтарин меҳвари суханронии мақомоти дигари кишварҳо бар корона ва паёмадҳои он ва интиқод аз якҷонибагароии Амрико қарор дошт .

 Ҳафтоду панҷумин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Миллал таҳти таъсири вируси корона қарор гирифта ва барои нахустин бор раҳбарони кишварҳо дар мақари ин ниҳод дар Нию-Йорк ҳозир намешаванд ва суханрониҳои аз пеш забтшуда пахш мешавад.  

 Нишасти соли ҷории маҷмаъи умумӣ дар шароите баргузор шуд, ки Амрико бо нодида гирифтани мухолифати аксарияти аъзои Шӯрои амният , созукори мошаро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон роҳандозӣ ва таҳдид кард ҳар кишваре бо Амрико ҳамроҳӣ накунад таҳрим хоҳад шуд . Ин рӯйкарди Амрико дар суханони суханронони дирӯзи маҷмаъи умумӣ бо интиқоди зимнӣ рубару шуд.

 Антонио Гуттерс, дабири кулли Созмони Миллал дар суханронии ифтитоҳияи ҳафтоду панҷумин нишасти Маҷмаъи умумӣ, ки ба сурати ҳузурӣ ва зинда анҷом шуд , якҷонба‌гароӣ , корона ва рушди физояндаи бекориро се таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ унвон кард .