Сентябр 24, 2020 12:52 Asia/Dushanbe
  • Посухи тунди намояндаи мусулмони Амрико ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп

Намояндаи мусулмони иёлати Меннесота вокуниши тунде ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп нишон дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Илҳон Умар дар паёми тветтирӣ хитоб ба Трамп навишт : « Нахуст кишвари ман Амрико аст ва ман яке аз аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико ҳастам, ки шуморо бозхост кард. Дувум ман дар синни ҳаштсолагӣ аз ҷанги дохилии Сумолӣ фирор кардам. Як кӯдаки ҳаштсола кишварро идора намекунад; ҳарчанд ки ту кишвари моро мисли як бачҷаи ҳаштсола идора ме‌кунӣ.»

Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе ҳамлаҳои нажодпарастонае алайҳи Илҳон Умар матраҳ кард ва бо масхара кардани маҳалли таваллуди вай ба у гуфт, ки Амрико кишвари вай нест .

 Трамп дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Пенсилвания гуфт : « Ӯ ( Илҳон Умар ) ба мо мегуяд, ки чӣ гуна кишварамонро идора кунем. Ту аз куҷо омадаӣ ? Вазъияти кишвари худат чӣ гуна аст؟»

Трамп дар як соли гузашта борҳо ҳамлаҳои нажодпарастонаеро ба хонуми Умар ва се зани рангинпӯсти дигари намояндаи Конгресс анҷом додаааст .

 

Барчасп