Сентябр 25, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Мадуро бар ҳамкории Амрико ва қочоқчиёни Колумбия алайҳи Карака

Раиси ҷумҳури Венесуэла эълом кард, Идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико бо қочоқчиёни Колумбия барои зарба задан ба Каракас ҳамкорӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Николас Мадуро рузи панҷшанбе дар идомаи изҳороташ таъкид кард, Идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико бо гуруҳҳои қочоқчии маводи мухаддири Колумбия барои муташанниҷ кардани шароити дохилии Венесуэла, ҳамкорӣ мекунад то шароитро барои харобкории Ожонси иттилооти марказии Амрико (CIA) фароҳам созад.

Раиси ҷумҳурии Венесуэлаи пештар изҳор карда буд, давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико дастури иҷроиро тасвиб карда аст, ки ба Ожонси иттилооти марказии Амрико (CIA) иҷозаи амалиёти махфии террористӣ алайҳи бархе аҳдоф дар ин кишварро медиҳад.

Амрико дар моҳҳои ахир бо эъмоли таҳрим ва фишори иқтисодӣ ва низ ҳимоят аз иқдомоти харобкорона алайҳи Венесуэла талош кардааст, давлати қонунии ин кишварро, ки руйкарди зидди амрикоӣ дорад сарнагун кунад. Иқдомоте, ки бо муқовимати мардуми Венесуэла токунун муваффақ набудааст.

 

Барчасп