Суқӯти ҳавопаймо дар Украина бо 25 кушта+гузориши видеоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57792-Суқӯти_ҳавопаймо_дар_Украина_бо_25_кушта_гузориши_видеоӣ
Суқӯти як ҳавопаймои низомии украинӣ дар минтақаи Харков, шарқи ин кишвар дастикам 25 кушта барҷо гузошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 26, 2020 10:19 Asia/Dushanbe

Суқӯти як ҳавопаймои низомии украинӣ дар минтақаи Харков, шарқи ин кишвар дастикам 25 кушта барҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нерӯи ҳавоии Украина эълом кард, як ҳавопаймои Ан-26 шаби гузашта дар минтақаи Харков суқӯт кардааст.

Бар асоси эъломи фармондори минтақаи Харков, ин ҳавопаймо 28 сарнишин доштааст, ки дар ин ҳодиса 25 тан кушта шуданд.

Қарор аст, як кумитаи вижа дар бораи ин ҳодиса дар Украина ташкил шавад.