Сентябр 26, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • Лағви маросими солрӯзи кушта шудани Наҷибуллоҳ

Ҳаводорони Наҷибуллоҳ Раиси Ҷумҳурии коммунистӣ дар Афғонистон аз лағви маросими бисту чаҳорумин солрӯзи кушта шудани вай хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон, шуморе аз ҳаводорони доктор  Наҷибуллоҳ рӯзи шанбе бо таҷаммӯъ дар баробари сохтмони Лоя Ҷиргаи Афғонистон дар шаҳри Кобул ба лағви маросими гиромидошти бисту чаҳорумин солгарди кушта шудани Наҷибуллоҳ эътироз карданд .
Духтари Наҷибуллоҳ гуфтааст ин маросим бо вуҷуди барномарезии қаблӣ лағв шудааст .
Гуфта мешавад шуморе аз ҳизбҳои ҷиҳодии Афғонистон бо баргузории ин маросим мухолифат кардаанд .
Ҳамчунин бар асоси гузоришҳо Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари яке аз ҳизбҳои Афғонистон, инчунин ба тарафдоронаш амр додааст, ки дар сурати баргузории маросими Лоя Ҷирга, Кохи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумони Афғонистонро иҳота кунанд.  
Имсоли нахустин бор қарор буд иддае маросими бузургдошт барои доктор  Наҷибуллоҳ дар Кобул баргузор кунанд .
Аз сӯи  дигар  имрӯз  ҳамзамон бо солгарди вуруди Толибон ба Кобул , шуморе аз аҳолии шимоли Кобул  алайҳи ин гурӯҳ  роҳпаймоӣ карданд ва шиори марг бар Толибон сар доданд .
Толибон дар панҷуми меҳрмоҳи соли 1375 хуршедӣ ҳангоми вуруд ба Кобул  вориди дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон шуданд ва доктор  Наҷибуллоҳ ва бародарашро, ки ба дафтари ин намояндагӣ паноҳ бурда буданд аз ин маҳал хориҷ карданду ба дор овехтанд .