Октябр 10, 2016 18:06 Asia/Dushanbe
  • Испания ҷинояти Арабистони Саудиро дар Яман маҳкум кард

Ҳукумати Испания ҳамлаи Арабистони Саудиро ба маросиме дар Санъо, пойтахти Яман, ки боиси кушта шудани шаҳрвандони Яман гашт, маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи Ҳукумати Испания, ки имрӯз, душанбе мунташир шуд, омадааст, ки "барои чунин рӯйдоде ниёз аст, таҳқиқоте анҷом гирад, то масъулияти ин ҳамалот дар Яман рӯшан шавад".

Ҳукумати Испания дар ин баёния бо таслият ба хонаводаҳои қурбониёни ин бомбаборон дар Яман хостори азсаргирии музокироти сулҳ барои ёфтани роҳҳали сиёсӣ дар Яман шуд. Дар ин баёния  Ҳукумати Испания бар ҳимояти худ аз кори Исмоил валади Шайх Аҳмад, фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар Яман таъкид кард.

Ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ рӯзи шанбе ба маросими азодорие дар шаҳри Санъо чандин навбат ҳамла карданд, ки дар ин ҳамлаҳо садҳо нафар кушта ё захмӣ шуданд ва ҳоли бархе захмиҳо вахим гузориш шудааст.

Ҳамалоти Арабистон ба Яман аз моҳи марти соли 2015 то кунун даҳҳо ҳазор куштаву захмӣ барҷой гузоштааст.