Гуфтугӯҳои сулҳ байни афғонҳо мутаваққиф шуд
(last modified Sun, 27 Sep 2020 08:29:30 GMT )
Сентябр 27, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯҳои сулҳ байни афғонҳо мутаваққиф шуд

Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст.

Ба гузориши ИРНА, пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯ кунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст.

Як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлӯб даст ёбанд.

 

Барчасп