Ҳушдори Горбачёв дар бораи мудохилаи хориҷӣ байни Боку ва Ереван
(last modified Mon, 28 Sep 2020 10:21:03 GMT )
Сентябр 28, 2020 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Горбачёв дар бораи мудохилаи хориҷӣ байни Боку ва Ереван

Михаил Горбачёв-охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ , дахолати хориҷӣ дар даргирии Қарабоғи кӯҳистониро дорои паёмадҳои ҷиддии байналмиллалӣ донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Алолам , бинобар гузориши расонаҳои русӣ Горбачёв тасреҳ кард : Ҳар ду тараф ( ҷумҳуриҳои Арманистон ва Озарбойҷон ) бояд худашон дар мавриди ҳамкории мутақобил тавофуқ кунанд.

 Горбачёв гуфт : Дахолати хориҷӣ дар шиддат ёфтани даргириҳо дар атрофи Қарабоғи кӯҳистонӣ «бисёр хатарнок » хоҳад буд.

 Вай афзуд : « Ин дахолат метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дар равобити байналмиллалӣ эҷод ва ҷомеъаи ҷаҳониро маҷбур ба мудохила дар ин ҳаводис кунад ва сипас шумо маҷбур хоҳед шуд вокуниши мутафовите нишон диҳед.»

Горбачёв гуфт, ки намояндагони нигарон аз мардуми Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон, ки " дар мавриди чигунагии фирор аз ин вазъият мушовира мехоҳанд " ба у муроҷиат кардаанд .

 Бомдоди якшанбе даргирӣ бар сари Қарабоғ миёни низомиёни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон дар марзҳои муштарак аз сар гирифта шуд.

Мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон якдигарро ба оғози даргириҳо муттаҳам мекунанд.