Октябр 10, 2016 19:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши шадиди Русия ба иддаои Амрико дар бораи ҳамалоти кибернетӣ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мусоҳиба бо телевизиони "Шабакаи аввал"-и Русия бо интиқод аз иддаоҳо дар бораи дахолати Русия дар ҳамалоти кибернетӣ алайҳи ниҳодҳои амрикоӣ онро бахше аз як корзори ҷанги равонӣ дар чорчӯби рақобатҳои раёсатҷумҳурии Амрико донист.

Вазорати амнияти Амрико ва дафтари мудири иттилооти миллии Амрико дар умури амнияти интихобот ҷумъаи гузашта бо судури баёнияе эълом карданд, Амрико муътақид аст, ки Русия масъули ҳаводиси ҳаккерии ахир алайҳи ниҳодҳои амрикоии муртабит ба интихоботи оянда аст.

Бо таваҷҷуҳ ба авҷ гирифтани муборизоти интихоботи риёсатҷумҳурӣ дар Амрико мақомоти Вашингтон акнун барои ҳамалоти таблиғотӣ алайҳи Русия аз баҳонаи ҳамалоти кибернетӣ тавассути маъмурони рус алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва интихоботи Амрико, аз ҷумла мақарри Ҳизби демократ сухан рондаанд. Дар ин росто Ҳукумати Амрико 7 октябр расман Русияро муттаҳам кард, ки аз тариқи ҳамалоти кибернетӣ ба сомонаи роёнаии кумитаи миллии Ҳизби демократ ва роёнаҳои мақомоти сиёсии Амрико нуфуз кардааст. Мақомоти Кохи Сафед пештар ҳам Русияро ба ҳамалоти кибернетӣ алайҳи Амрико муттаҳам карда буданд, аммо ин нахустин бор буд, ки расман ин иттиҳомро матраҳ карданд. Бо ин ҳол, бархе мақомоти амрикоӣ эътироф менамоянд, ки исботи қатъии нақши Русия дар мудирияти ин амалиёти нуфузи кибернетӣ ғайримумкин аст.

Аз дидгоҳи русҳо, мақомоти Амрико ба далели ин ки қодир ба таҷзия ва таҳлили воқеъбинонаи масоили интихоботӣ нестанд, бо овозапароканӣ ва нисбат додани масоили интихоботӣ ба кишварҳои хориҷӣ саъй дар асоснок кардани овозаҳо доранд. Вокуниши шадиди Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба ин масъала, бавижа бо таваҷҷуҳ ба ин мулоҳиза сурат гирифта, ки аз дидгоҳи ӯ, ҳамалоти кибернетӣ мисли шамшери дудама аст ва Русия низ намехоҳад, то ба анҷоми ин гуна ҳамалот заминаро барои вокуниши мутақобили кибернетии қудратҳои рақиб алайҳи худ фароҳам кунад. Дар ин ҳол, Лавров аз адами ҳамкории амрикоиҳо дар ин замина гиламанд аст. Ба гуфтаи ӯ, дафтари Додситонии кулли Русия дар соли 2015 ба Вазорати адлияи Амрико пешниҳод додааст, то ҳамкории муштарак дар хусуси ҷаримаи кибернетӣ сурат бигирад, аммо Вашингтон сароҳатан эълом кардааст, ки моил ба анҷоми чунин коре нест.

 Албатта, ин аввалин бор нест, ки Вашингтон Маскавро ба иқдомоти мухарриби кибернетӣ муттаҳам мекунад. Дар миёнаи моҳи сентябри соли 2016 низ Ҷон Бернан, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико  нисбат ба тавоноиҳои кибернетии Русия ҳушдор дода, аз ниҳодҳои мухталифи Амрико хост, то дар ин замина муроқиб бошанд. Ба гуфтаи ӯ, Русия тавоноии фавқулодда ва печидае дар заминаи кибернетӣ дорад ва Амрико бояд комилан муроқибу боэҳтиёт бошад. Такрори иттиҳомоти Амрико алайҳи Русия дар заминаи ҳамалоти кибернетӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Амрико ба унвони яке аз қудратҳои кибернетӣ дар солҳои ахир миллиардҳо доллар барои эҷоди тавонмандиҳои кибернетии худ сарф кардааст. Баҳонаи Амрико барои афзоиши тавонмандиҳои кибернетии худ он аст, ки ин иқдом ҳамзамон бо истифодаи Чин, Русия, Кореяи Шимолӣ ва соири кишварҳо аз фазои кибернетӣ ҷиҳати ҳамла ба душманон ва ё дуздидани иттилоот зарурат пайдо кардааст.

Русҳо низ ба хубӣ медонанд, ки амрикоиҳо масъули бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҳамалоти кибернетӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳастанд. Дар воқеъ, ин русҳо ҳастанд, ки барои муқобила бо ҳамалот ва нуфузҳои кибернетӣ аз ҷониби Ғарб, бавижа Амрико талош ба эҷоду роҳандозии як шабакаи интернетии дорои сатҳи болои амниятӣ кардаанд, бар хилофи иддаои мақомоти Вашингтон, ки ҳамвора дигар кишварҳоро муттаҳам ба ҳамалоти кибернетӣ алайҳи Амрико мекунанд. Амрико ҳамвора аз аввалин ва бузургтарин кишварҳое маҳсуб мешавад, ки аз фазои кибернетӣ барои эъмоли фишор ва дар воқеъ, таҳоҷум алайҳи соири миллатҳо истифода кардааст. Дар айни ҳол, набояд фаромӯш кард, ки ҳамалоти кибернетӣ мисли теғи дудама маҳсуб мешавад, ки тавассути душманони Амрико низ метавонад ба наҳви муассир алайҳи он мавриди истифода қарор гирад.